ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Қушқияи поён” вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
Дар мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва дар рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун, ки дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз мебошад, суханронӣ намуданд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аъзои ташкилоти мазкур дар таъмири муассисаи таълимии деҳа саҳми арзанда гузоштанд, ки барои беҳбудии кори таълиму тарбия дар соли нави хониш мусоидат менамояд.