БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲИ ХОСАИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Боғи анор» қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ва хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир карда шуд.

       Дар қисмати амалии аксия аз ҷониби раиси ташкилоти ибтидоии мазкур  ба як  оилаи  ниёзманди ҷомеа  кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

      Дар вохӯрӣ масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ,  истиқболи сазовор аз 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ба кор даровардани чархаи дуюми НБО-и Роғун суханронӣ карда, дар идома  дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg