БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНТАНАҲО АЗ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ибтикори  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар деҳаи Вахши Ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо ҷалби вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти унвони «Тантанаҳои Истиқлол» чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ ва илмию маърифатӣ доир гардид.

     Дар чорабинӣ  роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб ва дигар фаъолон иштирок дошта, дар бораи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он давоми 28- сол ва нақши он дар мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, ба кор даромадани чархаи дуюми НОБ-и «Роғун» сухан гуфтанд.

     Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ,  аъзои ташкилоти ибтидоии  “Бахши фарҳанг” бо  суруду  тарона ва оҳангҳои дилнишин хотири иштирокдоронро шод намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg