БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР РӮЗИ ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ СОКИНОН СОҲИБИ БУНГОҲИ ТИББӢ ГАРДИДАНД

ҚУБОДИЁН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар пайи амалигардонии  дастуру ҳидоятҳои Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён тасмим гирифт, ки барои ҳалли мушкилот дар хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар деҳаи Чорбоғи Ҷамаоти деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов   бунгоҳи тиббӣ бунёд намояд.  Сохтмони  бинои мазкур моҳи марти соли ҷорӣ оғоз гардида, маҳз бо ташаббус ва дастгирии  Маҳмадаюб Шарифзода   раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия ба тариқи ҳашар  хуштарҳу замонавӣ сохта ба истифода дода шуд. 

     Дар рӯзҳои тантанаи  ҷашни  Истиқлолияти  давлатӣ бо иштироки Сумангул Тағойзода Вазири меҳнат ва  шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Қубодиён Файзуллозода Зафар  Хайрулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва фаъолони ҷамоати деҳот    бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд. Бунгоҳи тиббӣ дорои чор ҳуҷра буда, бо як қатор таҷҳизоти зарурии  ба талабот ҷавобгӯ  муҷаҳҳаз гардонида шуда,  8-нафар  кормандони соҳаи тандурустӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин   шуданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg