
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ” хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳия дар баромади хеш оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқӣ дар доираи салоҳияташон ба гирифтани маълумоти комил ва мушаххас дар бораи вазъи санитарию эпидемиологӣ, ҳолати муҳити зист, сифат ва бехатарии мол, озуқа, оби нӯшокӣ, молҳои эҳтиёҷоти шахсӣ ва маишӣ, корҳо ва хизматрасониҳои эҳтимолан барои инсон хатарнок, тадбирҳои андешидашаванда оид ба таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва натиҷаи он ба анҷом додани назорати ҷамъиятии иҷрои меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ ёдоварӣ намуд.