
ВАХШ. Дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.» Дар ташкилоти ибтидоии «Мопр-2»-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод чорабинӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи «Либоси миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ» доир карда шуд.
Дар ҳамоиш аз ҷониби масъулини ҳизбӣ қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронияшон оид ба тарғиби либоси миллӣ таъкид месозанд. Либоси атласу чакани бонувони тоҷик воқеан ҳам зебост ва ҷаҳониён бо ин либос моро мешиносанд. Таърих гувоҳ аст, ки зан-модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат буд.
Зикр гашт, ки яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни мухталифи дунё либоси миллии ҳар як қавму миллат маҳсуб меёбад. Ба ин хотир моро лозим меояд, ки нисбати ин масъала бетафовут набошем.