
Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии «Каперативи Истеҳсолии Абдувадуд Дустов»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ чорабинии таблиғотии ҳизбӣ доир гардид.
Дар рафти чорабинӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия қайд намуданд, ки Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуданд, «Мо дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ бо такя ба ақлу хирад ва иродаи қавии халқи худ тавонистем, ки оташи ҷанги дохилии таҳмилиро фурӯ нишонда, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳивфзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқамон устувор гардонем.»
Иброз шуд, ки ҷаҳду талош ва муттаҳид гардидани сокинони мамлакат дар атрофи роҳбарияти давлату ҳукумат ва дастгириву ҷонибдории онҳо аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат омили асосии расидан ба сулҳу ягонагӣ ва пешрафту тараққиёт дар ҷомеаи мо гардид.