БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ ТЕРРОРИСТИИ НАҲЗАТИ ИСЛОМ ХУДРО ДАР АВРУПО БА ДОМОНИ САҲА ПАРТОФТААСТ!

ВОКУНИШ. Маъмулан ҳар як аҳзоб дар доираи ақидаи сиёсии тарафдорону ҳаводоронаш таъсис ва фаъолият менамояд. Ҳизби мамнӯи наҳзати ислом баъди инқилоби нокоми соли 2015, ки як муддат бо роҳи сохтакорию ақидаҳои бегонапарастӣ қишри муайяни аҳолии ҷомеаи моро тарафи худ майл сохт, имрӯз бо рӯи шармсор дар Аврупо зери таъсиру дастгирии хоҷагони хориҷиааш мехоҳад ба арсаи сиёсат дубора  баргардад. Аниқтараш ҳизби террористии наҳзати ислом бо роҳи гумроҳ сохтани иштирокчиёни конфронс дар Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо аз худ дар ҷомеа бо роҳи ба даст овардани  нуфузи сиёсӣ дар ҳоли  бузургманишист.

Баъди ронда шудани ҳизби наҳзати ислом   аз доираи сиёсии давлатҳои Эрону Туркия имрӯз  садорати ин ҳизби террористӣ дар Аврупо худро ба оғӯши САҲА партофта, бо ба роҳ андохтани хабару наворҳои яктарафа омодагардида аз ҷониби «шоҳреҳи сиёсӣ» Муҳаммадиқболи Садриддин ба ақидаи омӯхташудаи «як камону ду тир» амал менамояд. Ин ҳизби террористӣ аз як ҷониб мавқеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шинохташ  камрангу бетаъсир нишон додан хоста, ҳамзамон кӯшиш менамояд, ки дар зеҳни мардум, хусусан мардуми Аврупо Тоҷикистонро ҳамчун давлати ба сиёсати САҲА мухолифатдошта муаррифӣ созад. Дар баробари ин, бозтоби манфии назарҳо дар шинохти ҳизби наҳзати исломро дар назди САҲА бо хабару наворҳои дур аз воқеият дар зеҳни бинандаю шунаванда таблиғ намуда, худро рӯёрӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун  «мусичаи бегуноҳ»-у  «қурбонии сиёсӣ» муаррифӣ кардан мехоҳад.

Аз ҳоли ҳозир назари танқидии худро дар конфронси қарибулвуқуи САҲА дар шаҳри Варшава,  пойтахти  Лаҳистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ  мунташир сохта ин ҳизби иртиҷоӣ  даст ба қаҳрамонтарошии худу ҳаводоронаш зада истодааст. Ба гунае, ки соли 2018 дар конфорнси САҲА фурӯхташудаю худгумкардае бо номи Сулаймон Орзуев барои  «қаҳрамон» шудан худро дар назди намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  партофт  ва  подоши « рафтор ва одоб»-и  худро низ гирифта буд.

Айни ҳол  низ дар ростои   конфронси САҲА, ки  рӯзҳои 16 то 19-уми сентябри соли равон дар назар аст, ҳизби мамнӯи наҳзати ислом  бо роҳбари гурезааш Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаводорони сарсахташ муборизаҳои фейкиро дар расонаҳои иҷтимоӣ паҳн карда, мехоҳанд, ки бо баромадҳои «пурмуҳтавою» ширкати фаъолона «шуру шаъф»-и машваратро бароранд.

Бо ақидаи солим дигар ҳизби террористии наҳзати ислом «шуру шаъф»,  тарсу ваҳшат надорад ва касе аз  Муҳиддин Кабирию Муҳаммадиқболи Садриддин ва  якчанд шахси бо ном «сиёсатмадори урупоӣ» наметарсад.  Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи қавоини байналмилалӣ дар конфронси САҲА  иштирок ва суханронӣ  мекунад ва ба ақидаи зеҳнии наҳзатии  «мардак барин» ба ҳар як саволи садорати конфронсу террористони ҳизби наҳзати ислом собитқадамона ҷавоб хоҳанд гуфт.

Воқеан ҳар нафаре, ки нисбати назари сиёсии ҳизби  мамнӯи наҳзати ислом бардошти манфие дошта бошад, аз ҷониби «гурӯҳҳои фейкӣ»-и наҳзатӣ корманди  амниятӣ муаррифӣ мешавад. Метавон ёдрас шуд, ки  шаҳрвандони мо низ ҳамчун ҷузъи ҷомеаи кунунӣ ҳуқуқи баромад ва дастгирии сиёсати  имрӯзаи давлат ва ҳукуматро доранд.  Дар доираи ақидаи пучу бемаънӣ иродаи сиёсию ҷамъиятии аҳолиро ба ҳар як хадамоту ташкилот марбут донистан аз заъфи сиёсии ҳизби террористии  наҳзати ислом ва ноустувории фаъолияти гурӯҳҳои таблиғотии ин ҳизби террористӣ дарак медиҳад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ин бадномсозӣ ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро  ҳаргиз дигар карда наметавонад.

Умуман, назари носозгори ҳизби террористии  наҳзати ислом, ки худро дар  оғӯши САҲА дар Аврупо партофтааст, танҳо ба Кабирӣ ва кабирипарастон  дар хориҷа таъсир хоҳад карду тамом! Мардум  думболи сиёсатбозии ҳизби террористии наҳзати ислом  дигар ҳаргиз намеравад!?

 

 Аҳмадзода Маҳмудҷон, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар  Маҷлиси

 вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg