
Ш.ШОҲИН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати деҳоти “Чагам” хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Дар ҳамоиш масъулини ҳизбӣ дар назди ҳозирин доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла паёмадҳои нохуши зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир ибрози андеша намуда, зикр карданд, ки татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ аз ҳар як аъзои ҳизб вобастагии амиқ дошта, моро месазад зери сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои созандагӣ камари ҳиммат бандем.