БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН БЕҲТАРИН ОИНИ ИНСОНИСТ!

Ш.ШОҲИН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.”  Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо сокинони деҳаи Тошбулоқи Ҷамоати деҳоти Чагам вохӯрӣ доир намуданд.

    Ҳамоиш дар даромадгоҳи деҳа, дар мавзеи хирмангоҳе суръат гирифт, ки сокинон ба ҷамъоварии ғалладона аз ҳосили  бо файзу баракати имсола  машғул буданд. 

     Зимнан масъулин ҷамъомадагонро ба 28-умин солгари Истиқлолияти давлатӣ,  ба кор даромадани агрегати дуюми НБО Роғун табрик  гуфта,  ба фазои Тоҷикистон амну осоиштагии бардавом, ба хонадони ҳар як оилаи тоҷик файзу баракати фаровонро орзу карданд.

  Дар идома  самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ, ки   масъалаҳои  ҳаётан муҳимро дар бар мегирад, ба иштирокдорон расонида шуд.  Иброз шуд, ки  ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надодан, дӯст доштани Ватани азиз  бояд аз хислатҳои ҳамидаи ҳар яки мо бошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg