БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БУНЁДИ МАЙДОНЧАҲОИ ВАРЗИШӢ ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Ш.ШОҲИН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Дар доираи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Себдара”-и Ҷамоати деҳоти Шӯрообод бо дастгирии узви фаъоли ҳизб, соҳибкори инфиродӣ Сулаймон Шамсов сохтмони майдончаи варзишии замонавӣ бо мақсади ҷалб намудани ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии онҳо аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа роҳандозӣ гардида, мақсад гузошта шудааст, ки дар ростои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифодаи умум қарор дода мешавад. 

 Инчунин,  бо мақсади иҷрои дастури мақомоти болоии ҳизб бобати бунёди бинои маъмурӣ бо дастгирии фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  роҳандозӣ шуда, тибқи нақша соли оянда мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.

Айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар қабати дуюми бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин идома дошта, дар сурати мавриди истифода қарор гирифтани ин бино барои самаранокии фаъолияти кории кормандони ҳизбӣ дар ноҳия шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Корҳои ободонию созандагӣ дар маркази ноҳия дар ростои таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар рӯҳияи хештаншиносию ватандорӣ бо дили гарм ва умед ба фардои дурахшони Ватан ҷараён дошта, бобати татбиқи амалии ҳадафу барномаҳои ҲХДТ - ҳамчун ҳизби пешсафу меҳварӣ дар сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шароиту имкониятҳо  самаранок  истифода  бурда  мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg