БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАВАНДИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ДАР МАҲАЛ

ХУРОСОН. Дар доираи “Соли  баланд  бардоштани  масъулияти шаҳрвандӣ.” Бо иштироки  масъулини  ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии «Ваҳдат»-и Ҷамоати шаҳраки Обикиик атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ доир гардид, ки дар он  дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зери таваҷҷуҳи ҷидди қарор додани наврасону ҷавонон, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидошта, ҳамзамон риояи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор  гирифтанд.

  Дар қисмати амалии аксияи “Якҷоя ҳал мекунем”  300 км роҳи  маҳалла сангфарш карда шуда,  ҳамзамон дар доираи Аксияи ҳизбӣ  ба як нафар кӯдаки маюб кӯмаки моддӣ расонида шуд.          

     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg