БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аз пешниҳодҳои нави Пешвои миллат изҳори қаноатмандӣ намуданд.

       Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Токак    оид ба самтҳои афзалиятноки  ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд. Дар назди аъзои ташкилот мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор ба кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷалолиддин Қаюмов (дар акс)  баромад намуда, ҳозиринро ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба таври муфассал шинос намуд.

     Иштирокдорони хониши сиёсӣ аз баромад дар бораи хатари афзояндаи терроризму экстремизм, сабаби шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро,  роҳҳои аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ,  оқибати фоҷиабори бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона,  истифодаи ғайримақсадноки технологияи муосир ва дигар самтҳои мазкур маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.

    Дар хониши сиёсӣ ҳамчунин дар бораи ҷашни   28 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар  маъракаҳои муҳими сиёсӣ сухан рафт .

     Маърӯзачӣ  ҳамагонро ба ҳушёрии сиёсӣ ва сазовор пешвоз гирифтани санаи басо фархунда - 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд.  

      Дар хониши сиёсӣ аз ҳисоби иштирокчиён раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Содиқ Сабзаеев, аъзои ташкилот Садбарг Афғонова, Раҳим Каримов баромад намуда, аз пешниҳодҳои нави Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Қайд намуданд, ки баъди эълон гардидани солҳои 2018 – 2021 Солҳои рушди деҳот, саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи мардум ба обод намудани хонаву дар, кӯча ва маҳаллаи худ зиёд гардид.

     Дар як муддати кӯтоҳ симои деҳаи Токак ба кӯлӣ дигаргун гашт. Мардум ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ бо дили гарм машғуланд ва аз пайи ҳунари худ даромад ба даст меоранд.

  Дар роҳандозии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” бошад, аъзои ташкилот ба оилаи ниёзманд Сайалиева Эркамо (дар аксҳо)    кӯмаки пулӣ расониданд.      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg