Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

БА РУШДИ МАОРИФ ТАВАҶҶУҲ МЕАФЗОЯД

ҲАМАДОНӢ.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таги намак”-и Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон хониши сиёсӣ ва иҷрои қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  баргузор гардид.

    Зимни  баромад масъулин  қайд карданд, ки дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳолӣ дар се соли оянда шумораи зиёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешаванд, ки қисми зиёди онҳо дар деҳоти кишвар пешбинӣ гардидааст.

   Иброз шуд, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода,  усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунад ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳад. Чуноне, ки роҳбари давлат гуфтаанд: “Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем.”

    Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии  ташкилоти ибтидоии “Таги намак”  қисми  берунии муассисаи таълимии №41  рангу бор карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg