
ФАРХОР. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Дар ҷашни муқаддаси миллӣ -28 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ташкилоти ибтидоии «Боғчаи №10» хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.
Масъулин зимни баромад аз дастовардҳои даврони Истиқлолият ёдоварӣ намуда, қайд карданд, ки дар ин давра кишварамон бо суръати кайҳонӣ рушд намуда, шароити мусоиди зиндагӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ фароҳам гардид. Истиклолият ба мо имкон дод, ки дар саросари кишвар иншооти гуногун сохта ба истифода дода шаванд. Аз ҳама бузургтарин сохтмон барои мардуми кишвар ин НБО-и Роғун мебошад, ки бо роҳнамоии Пешвои миллат чархаи якуми он санаи 16 ноябри соли 2018 ва чархаи дуюми он дар рӯзи таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба фаъолият оғоз карданд.