БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТЕСТ, КИ БАҲО НАДОРАД!

ФАРХОР. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.”  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии “Боғчаи №9”-и деҳаи Шафтолубоғи Ҷамоати деҳоти Фархор хониши сиёсӣ доир намудаанд.

    Зимни баромад масъулин иштирокдоронро  ба фарорасии ҷашни муқаддаси миллӣ - 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, ки барои мардуми кишвари азизамон санаи тақдирсоз мебошад, табрику таҳният гуфтанд.   Қайд карданд, ки дар оғози даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба ақлу хирад ва иродаи қавии халқамон тавонистем, ки оташи ҷанги  таҳмилиро фурӯ нишонда, парчами озодиву адолатро ба хотири ҳифзи асолату арзишҳои миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқамон парафшон созем. Яъне, таърих баъд аз чанд садсола бори дигар ба миллати соҳибтамаддуни мо имконияти эҳё намудани суннатҳои аҷдодии давлатдориро фароҳам овард  ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон номи давлати мустақилу соҳибихтиёри тоҷиконро сабт намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg