ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Ғурулдӣ” баргузор гардид.
Дар мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз – ба истифода додани агрегати дуюми НБО-и Роғун суханронӣ намуданд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур дар таъмири муассисаи таълимии деҳа саҳм гузоштанд.