БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ НАСЛИ НАВРАС

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.» Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Эшонобод» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир намуданд.

    Роҳбарияти  ҳизбӣ дар баромади хеш вобаста ба вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии деҳот, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии насли наврас, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, дастовард ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи маориф суханронӣ намуд.

     Дар ин баробар аз дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли наврас ёдовар гардида, аз ҷумла афзуданд, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат ҳар яки моро водор менамояд, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати илмӣ, ахлоқӣ ва ҳуқуқии насли наврас, тарбияи ин табақаи ояндасоз дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ,  пеш аз ҳама дӯст доштани муқаддасот ва арзишҳои миллӣ тамоми қувваю маҳорати хешро бояд сафарбар намоем.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg