ВОСЕЪ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. “Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи марказӣ»-и Ҷамоати шаӽраки Ӽулбук вохӯрӣ доир гардид.
Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ зимнан оид ба дастовардҳои 28- соли соҳибистиқлолӣ, аз ҷумла дар бораи кушодашавии агрегати дуюми НОБ-и Роғун суханронӣ карданд. Иброз шуд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани чархаи дуюми НБО-и Роғун эҳтиёҷоти дохилии кишвар ба нерӯи барқ ба пуррагӣ таъмин гашта, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои азими содиркунандаи нерӯи барқи сабз табдил меёбад ва аз ин эътибору шуҳрати Ватани азизамон боз ҳам баланд гашта, мавқеи он дар арсаи ҷаҳонӣ устувор мегардад.
Дар охир бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба як қатор фаъолон, ки дар беҳдошти саломатии омма ҳиссаи арзанда гузоштаанд туӽфа ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ супорида шуд.