
Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо камоли ифтихор бистуҳаштумин солгарди ҷашни сарнавиштсозу муқаддаси миллӣ - Истиқлолияти давлатиро ба тамоми мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва кулли тоҷикони ҷаҳон, ки меҳани азизи моро хонаи умеди худ меҳисобанд, самимона муборакбод менамояд.
Бисту ҳашт сол муққаддам, санаи 9 сентябри соли 1991 вакилони мардумӣ дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати "Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" – ро қабул намуданд. Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аҳли башар эълон кард ва миллати куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ - Истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки ҳоло мо ин рўйдоди бузургро бо ифтихору сарфарозӣ ва бо дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҷашн мегирем.
Хосияти ҳар як ҷашн, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки моро ба таҳлил ва ҷамъбасту хулоса намудани рўйдодҳои гузашта, мушаххас сохтани вазифаҳои имрўза ва чашмандозӣ ба оянда водор мекунад. Аз ин нуқтаи назар Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тамаддунсози мо дар марзи ду садсола падидаи бемислу боазамати таърихиест, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дарбар мегирад ва бинобар ин, мо бояд онҳоро аз дидгоҳи фарохтару баландтар тақвиму тақдир намоем.
Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳалаи сифатан нави рушд гардида, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгў ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.
Барои мо миллати кӯҳанбунёд мояи ифтихор аст, ки бо шарофати сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 9-уми сентябр дар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмиву якдилӣ ва Ваҳдати миллӣ аз 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбаландиву сарфарозӣ истиқбол мегирем.
Аз ин рӯ, давлату ҳукумат, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар маҷмуъ кулли сокинони кишвар, ба хусус, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ҳифзи Истиқлолияти давлатиро вазифаи муқаддас медонанд ва онро ҳамчун неъмати бебаҳо гиромӣ медоранд. Аз ин ҷост, ки мардуми меҳнатдӯсту бофарҳанг ва хушиқболи Тоҷикистон ин иди муқаддаси миллиро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ сазовор ҷашн мегиранд.
Бигзор, азму иродаи шикастнопазир ва нерўи офарандаи миллати тоҷик моро ба сўи кору пайкорҳои созанда ва фатҳу нусратҳои тоза ҳидоят намояд. Бигзор, парчами пурҷило ва нурафшони Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва бар фарози сарзамини аҷдодиамон то абад парафшон бошад! Бигзор Истиқлолият марзи номус ва шарафу ифтихори ҳар фарди озодандешу озодихоҳи ин Ватан бошад!
Иди фархундаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод, ҳамватанони азиз!
Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
08.09.2019, ш. Бохтар