БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚАДАМИ УСТУВОР БА СӮИ АМАЛИШАВИИ ҲАДАФИ СТРАТЕГӢ!

АНДЕША. Дар рӯзи таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чархаи дуюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба кор андохта мешавад, ки ин рӯз барои мардуми Тоҷикистон рӯзи фараҳбахшу хотирмон хоҳад буд.

Воқеан ҳам бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар миқёси байналмилалӣ иншооти бузурги аср ҳисобида мешавад. Зеро он яке аз пуриқтидор ва азимтарин нерӯгоҳи барқи обӣ, ки аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ҳамчун “Иқтисодиёти сабз”  пазируфта шудааст. Муҳимтар аз ҳама Тоҷикистон дар миқёси ҷаҳон дар бобати захираҳои гидроэнергетикӣ мавқеи ҳаштумро ишғол мекунад, ки ин иқтидори беандозаи иқтисодии мамлакатамон мебошад.

Бо назардошти ҳамин захираҳои табии кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ дар баробари дигар самтҳои афзалиятдоштаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ ба истиқлолияти энергетикии мамлакат таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуда истодааст.

Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳамасола аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағҳои калон ҷудо гардида, дар иншооти азим ва тақдирсоз  ҳазорон – ҳазор ҳамватанони мо шабу рӯз заҳмати Фарҳодона карда истодаанд.

Мо ҳизбиён, хуллас тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҷараёни сохтмони ин нерӯгоҳи пуриқтидор бо нигоҳи умеди бузург ва ормонҳои нек таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дорем. Зеро нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар баробари сокинони Тоҷикистон барои мардуми давлатҳои ҳаммарз аз қабили Узбекистон, Қирғизистон, Афғонистон, Покистон ва дигар хоҳишмандон манбаи асосии таъминот бо нерӯи барқ шуда метавонад. Зиёда аз ин барои боз ҳам устувортар ва қавитар гардидани иқтисодиёту буҷети мамлакат асоси боэътимод хоҳад гашт. Илова ба ҳамаи ин ба андеша ва пиндори ман бо иқтидори пурра кор кардани нерӯгоҳи барқи обии Роғун барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегии ҳукумат яъне саноатикунонии мамлакат такони ҷиддӣ хоҳад гашт.

Ба ҳамагон маълум аст, ки бе саноати кунонидани мамлакат, ё худ фаъолгардонии корхонаҳои истеҳсолӣ рушд ва инкишофи иқтисодиёти давлатро таъмин кардан аз имкон берун аст.

Ин мужда ва армуғон аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Темурмалик боз ҳам руҳбаланд карда боис ба маҳсулнокии кори ҳар як фарди заҳматкаш бо истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ин дастоварди энергетикӣ комилан натиҷаи ташаббусҳои олиҳиматонаи Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Мардуми шукргузорӣ ноҳияи Темурмалик сари чамбари трактори гаронвазн нишастани Пешвои миллат ва шахси дар бунёди иншооти номбурда кор кардани ин шахсияти таърихиро хеҷ гоҳ фаромуш намесозад.

Бинобар ин мо ҳизбиёни ноҳия худро ҳампаҳлуи бинокорони неругоҳ ҳисобида бо кор даромадани чархаи дуюми онро оғози амалишавии ормонҳои миллии мардуми  Тоҷикистон  медонем.

 Раҷабзода Маҳмадсаид,

раиси КИ  ҲХДТ дар 

ноҳияи  Темурмалик                      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg