БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РАСИДАН БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ - ОРОМОНҲОИ ҲАЗОРСОЛАИ МИЛЛАТИ КУҲАНБУНЁДИ ТОҶИК БУД!

АНДЕША. Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистони азиз дар арафаи ҷашни  28-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ қарор дорад.  Истиқлолият неъматест, ки дар натиҷаи саъю талошҳои афзун ба даст омадааст. Он самараи ҷонисориву  қаҳрамонҳои мардони майдон, ашки сӯзону шабзиндадорӣ ва ниёишҳои модарон аст. Истиқлолият атои офаридгор аст, ки мардуми тоҷик бо нерӯи созандагиву ободкорӣ ва кӯшишҳои рӯзафзуни хеш ба ин неъмати бузург муваффақ гаштаанд.

Воқеан, истиқлолият барои мардуми тоҷик осон ба даст наомадааст. Таърих гувоҳ аст, ки халқи меҳнаткаши тоҷик чӣ рӯзҳои  нангину даҳшатборро таҳаммул намудааст. Замоне абри сиёҳи ҷанги шаҳрвандӣ осмони поку фазои беғубори Тоҷикистони навбунёдро тира намуда, рӯзгори осудаву амнияти мардумро халалдор намуд. Дар ин маврид ҳақ ҷониби шоир аст, ки мегӯяд:

 

    Он  баҳор  аз ёлаҳо хун мечакид,

                                   Аз  замири лолаҳо хун мечакид.

                                             Аз нигоҳи духтарони навҷавон,

                                   Аз  дили садсолаҳо хун мечакид.

                                   Хун, ки  хуни бародар,  хуни  мо.

                                   Хуни авлоди Фариддун мечакид.

 

Хушбахтона,  халқи тоҷик  бо нерӯи хирад ва заковати фитрӣ  тамоми мушкилоти  пешомадаро бартараф намуда, бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Парчами  сулҳу ваҳдатро  дар кишвари тозаистиқлоли  тоҷикон барафрохт.

Мардуми кишвар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу  Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати созандагию бунёдкорӣ якдилона ҷонибдорӣ  ва амалӣ гардонида истодаанд.

 “Соли 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро мардуми тоҷик хуб пазируфта, бо сарбаландӣ аз фазои  сулҳу дӯстӣ, тинҷиву оромӣ,  корҳои созандагию бунёдкориро ба роҳ монда, саҳми хешро дар ин самт гузошта истодаанд. Воқеан ҳам мо миллати тоҷик хурду бузург шукронаи Ватан мекунем, шукронаи давлат мекунем, шукронаи роҳбари давлат мекунем, шукрона мекунем, ки чунин ватани азизу маҳбуб дорем. Ватан хонаи умеди ҳар соҳибватан аст. Ва ин саннаи фархунда ҷашни 28-умин солгарди давлату давлатдории миллӣ-Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем. Аз он ҷумла,  бунёди нурӯгоҳи барқии обии Роғун, ки санаи 9-уми сентябри соли ҷорӣ агрегати дуюми он ба кор андохта мешавад, корхонаҳои бузурги саноатию истеҳсолӣ, ба истифода додани мактабҳо, беморхонаҳо, сохтмон ва таъмиру тармими роҳҳо, иҷрои нақшаҳои истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ тӯҳфа ба ин ҷашн мебошанд. Ин пешравиҳо гувоҳи он аст, ки воқеъан ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ  устуворона қадам гузошта истодааст.

Воқеан, барои  ояндаи дурахшон ва рӯзгори ободи хеш бояд ҳар яки  мо ҳиссагузор бошем, то  ки роҳи пешрафту  тараққиёти  кишварамонро  фарохтар созем.

Шоир  дар ин маврид хеле хуб гуфтааст:

 

Тараққиҳои ҳар миллат самар аз ҳиссашон бошад,

Талоше, ғайрате, ҳиссе, Шумо ҳам миллатед охир.

 

Раҳмонов Далер Сайвалиевич –

мудири  шуъбаи  таблиғот,  иттилоот

 ва матбуоти КИ ҲХДТ дар н.Фархор

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg