БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА КОР АНДОХТАНИ АГРЕГАТИ ДУЮМИ РОҒУН ИФТИХОРИ ҲАМАИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН АСТ!

АНДЕША: Хушбахтона, 9-уми сентябри соли 2019 дар арафаи ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ,  агрегати  дуюми НОБ-и “Роғун” ба истифода дода мешавад. Ин санаи таърихиро кули мардуми Тоҷикистон бесаброна интизоранд. Бо иродаи қавии мардуми Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мо тавонистем ба дастовардҳои бузургтару бузургтар бирасем. Исботи ин гуфтаҳо ба кор андохтани Агрегати дуюми НОБ-и Роғун мебошад.

Роғун ин ояндаи нури миллати тоҷик ва Тоҷикистони азиз мебошад.  Яке аз се ҳадафҳои стратегии мамлакат, ки аз барномаҳои ҲХДТ бармеоянд- ин таъмини истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Маҳз ба кор андохтани Агрегати дуюми Роғун қадами устувор ба ин ҳадафи бузург аст. Бояд гуфт, ки ин ҳама дастовардҳо аз самараи Истиқлолияти давлатӣ ва руҳияи озоди мардуми Тоҷикистон мебошад.

Имрӯзҳо мардуми сарбаланди тоҷик барои обод сохтани гӯшаву канори Ватани азизамон Тоҷикистон санг болои санг гузошта, Роғунро обод мекунанд, то ки мардум ва ояндаи насли нав аз ин иншооти бузурги тақдирсоз истифода намоянд ва зиндагии шоиста дошта бошанд.

Ин Каъбаи нур, ҳамчун арзишмандтарин объекти стратегӣ барои мардуми Тоҷикистон нури сафо ва шодиву нишоти пурбаракатро ҳувайдо мегардонад.  Зеро вуҷуди он аз иттиҳоду бузургии миллати баобру номус ва аз заҳмату талоши хурду бузурги ин срзамини офтобиву обӣ таркиб ёфтааст.

Пешвои миллат НОБ-и “Роғун”-ро масъалаи ҳаёту мамот дониста , аз ҷумла таъкид доштаанд: “Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу фардо хизмат  мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани ин нерӯгоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад!”. 

Дар  ҳақиқат, қабл аз ҳама дар сохтомони иншооти бузург саҳму иродаи устувори марди худодод маҳбуби миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аст, ки мо имрӯз ба ин макони Нур расидем. Бояд ифтихор кард, ки мо хушбахтона ба давлатӣ соҳибистиқлол расидаем, ки агрегати 2-юми НОБ –и  “Роғун”-ро бо ташаббуси Пешвои миллат кушода шуда, ин сарбаландии ҳар як тоҷику Тоҷикистониён аст.  

Мо аз самими дил бо Пешвои худ ифтихор мекунем! Зеро Пешвои миллати мо ҷони худро барои наҷоти халқаш фидо кард, то ки ба миллати худ ва ҷони худ умри дубора бахшид, андешаи миллиро эҳё кард, Тоҷикистонро ободу пурнур ва миллати тоҷикро сарбаланди оламиён гардонид.

 

 В.Абдуллоев,

муовини раиси КИ ҲХДТ

дар ноҳияи Қубодиён                                                   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg