БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЗАНДАИ НОБИ РОҒУН ҲАМВАТАН АСТ !!!

«Халқи  бузургвори  ман! Хонадони ҳар як фарди ту аз нури «Роғун» то абад равшан, қалби  хурду  бузурги  сокинонат то ҷовидон гарм аз меҳри Ватан бошад!  Ҳазорон  аҳсану  офарин  ба  бунёдкорони  «Роғун»-қаҳрамонони  арсаи  заҳмати  созандаву мардона!  Шараф  ба  мардуми  ватандӯсту  ватанпараст, бо нангу  номус  ва заҳматпешаву  сарбаланди  Тоҷикистон!»   Эмомалӣ Раҳмон

         АНДЕША. Дар  ҳаёти  сиёсии  ҳар  як  миллат рӯзҳо ва рӯйдодҳои таърихе мавҷуданд ва ё рӯх  медиҳанд,ки дар рушду нумӯи он миллату кишвар нақши  сарнавиштсоз  мегузоранд.

         Воқеан месазад қайд намоем,ки  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон  Ҷаноби  Олӣ  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  татбиқи ғояҳои  миллии мо тоҷикон   нақши   басо  бузурги  созандаву  бунёдкорона доранд.

         Ҳамагон огоҳӣ дорем, ки маҳз  бо  ташаббуси созандаву бунёдкоронаи  Пешвои миллат, санаи 16 ноябри соли 2018, якумин агрегати Нерӯгоҳи барқи  обии  «Роғун»  мавриди  истифода  қарор гирифта орзӯи чандинсолаи мардуми  бонангу  номуси миллати тоҷик амалӣ гардонида шуда,  ормони деринаи онҳо барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикии Меҳани маҳбубамон Тоҷикистони азиз аз афсона ба ҳақиқат табдил гардид.

         Воқеан  ҳам  миллати  тоҷик  НБО  «Роғун»-ро  як кохи бузурги  меҳру равшанӣ, як  майдони  бузурги   нуру сафобахш, майдони мардонагиву шуҷоат ва баланд бардоштани нуфузу мартабаи  сиёсати  давлату  Ҳукумати  Тоҷикистон  дар  арсаи  байналмилалӣ дониставу ҷавонмардони  бонангу  номуси  он,   акнун бо мардонагиву ҳимматбаландӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами хеш , санаи 9-уми сентябри соли ҷорӣ, чархаи дуввуми НБО «Роғун»-ро мавриди истифода қарор медиҳанд.

                         Мутмаъинам  Тоҷикистонам  чароғон мешавад,

                         Кӯҳсоронаш  саросар  обшорон мешавад.

Қуллаҳояш  ҷои зист, ҳам боғу бӯстон мешавад,

Тоҷикистон, гар  Худо хоҳад, гулистон мешавад.

Барқи  Роғун  паҳн  мегардад ба мисли рӯди Вахш,

Байни мардуми  ҷаҳон  шамъи  фурӯзон  мешавад.

         Оре, кишвари мо дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ буда, ояндаи он низ аз истифодаи самарабахшу оқилонаи ин навъи нерӯ вобастагии калон дорад, зеро танҳо таъмини истиқлолияти энергетикӣ метавонад ба рушди тавсеаи ҳамаи соҳаҳои иқтисоди мамлакат такони ҷиддӣ бахшад.

         Боиси ифтихору сарфарозист, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани  чархаи дуввуми нерӯгоҳ, боз  ҳам  эҳтиёҷоти дохилии кишварро  бо нерӯи барқи худӣ, бе мамониат  ба пуррагӣ таъмин гардонида, ба амалӣ гардонидани ҳадафи чоруми кишвар, ки саноаткунинонии  мамлакат  мебошад, мусоидат  хоҳад  кард.

         Дар воқеъ, Пешвои миллат бо миллати тамаддунофар ва заҳматқарини  тоҷик, бо ба кор даровардани чархаи дуввуми НБО «Роғун», дар моварои бархӯрдҳои ҷаҳонӣ ва ихтилофи назарҳо, бемуболиға  ҳатто  дар  сатҳи  давлатҳои  абарқудрат, истиқлолияти комили  энергетикии  Тоҷикистонро боз ҳам ба намоиш гузошта, бо иродаи  матини  сиёсӣ  манфиатҳои  миллиро  ҳифз  менамоянд.

         Ва  бешубҳа  ин рӯйдоди фараҳбахш дар арсаи ҷаҳонӣ обрӯи сиёсии давлату  Ҳукумати  Тоҷикистонро  меафзояд.

         Шукрона,ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдат, якдилию  якдигарфаҳмии  миллати  тоҷик, зери сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи  Пешвои миллат, мо мардуми Тоҷикистон,  ҳамасола ба пешравиҳои  назаррас  ноил  гардида  истодаем.

         Ва  инак, ифтихори бузурги навбатие, ки миллати  тоҷикро даст дод ба кор даровардани  чархаи  дуввуми  НБО  «Роғун»  мебошад, ки мардуми сарбаланди тоҷик, бо азму иродаи қавию бемисли Пешвои муаззами  миллат  Ҷаноби  Олӣ  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ин Роғуни нӯрафшонро бунёд кард, бори дигар ба ҷаҳониён, алалхусус ба кӯрнамакону хоинони миллати  тоҷик, аъзои Паймони миллии наҳзатиҳову гурӯҳи 24 аз ҳувияти созандагию тифоқии хеш паём дода, Тоҷикистонро ҳамчун кишвари рӯ ба рушд муаррифӣ намуданд.

              Роғун эҷоди чароғи хирад аст,

              Самари мазраи боғи хирад аст.

              Шулаи дидаи ҳар коргар аст,

              Партави шамъи дили роҳбар аст.

         Шараф ба мардуми ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус ва заҳматпешаву сарбаланди Тоҷикистон!

 

 Муҳаммаддовуд Ҳалимов,  раиси Кумитаи Иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg