БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НБО РОҒУН - ИНШООТИ КАМНАЗИР

АНДЕША. Баҳри амали гардидани ҳадафҳои созанда ва ормонҳои миллӣ, баъди соҳибистиқлолии мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳоии мамлакат  аз норасоии қувваи барқро   дар баробари дигар ҳадафҳои стратегӣ масъалаи аввалиндараҷа ва асосӣ меҳисобанд.  Аз ин хотир бунёди як қатор нерӯгоҳҳои барқи обиро дар ҳудуди Тоҷикистон роҳандозӣ намуданд.     Инак чархаи дуюми НБО  Роғун саннаи 9-уми  сентябри  соли 2019 ба кор андохта мешавад, ки барои халқи Тоҷикистон тӯҳфаи арзишманде дар    28-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

     Баробари ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун иқтидори истеҳсоли нерӯи барқ дар як сол ба 17 миллиард КВт/соат баробар мегардад, ки тавоноии  НБО  Роғун  3600 МВт/соат  буда, дар минтақаи Осиё калонтарин нерӯгоҳи  барқи обӣ ба ҳисоб меравад.

    Дар қатори се ҳадафи асосии мамлакат дар Паёми навбатӣ  Пешвои миллат,  ҳадафи IV- уми миллиро пешниҳод намуданд, ки он “Саноатикунонии босуръати мамлакат” ба ҳисоб меравад. Дар амали гардидани ҳадафи  IV- уми миллӣ  нақши НБО Роғун ниҳояд бузург мебошад, чунки саноаткунонии мамлакат бе нерӯи барқ имконнопазир мебошад. Аз ин лиҳоз барои рушди мамлакат сохтмони корхонаҳои бузургу миёнаи саноатӣ манфиатовар буда,  барои ба кор андохтани корхонаҳои саноатӣ қувваи барқ ниҳоят муҳим мебошад.

Зимни ироаи Паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки баробари амалӣ намудани ҳадафи IV- уми миллӣ мо Тоҷикистонро аз давлати аграрӣ-саноатӣ ба ба давлати саноатӣ  – аграрӣ  табдил хоҳем дод. Аз ин хотир баъди ба истифода додани чархаи навбатии НБО Роғун   ба ҳадафи  IV- уми миллиамон наздик шуда,   корхонаҳои азиму миёнаро давра ба давра бунёд менамоем.

      Ҳадафи IV- уми миллӣ то солҳои 30-уми асри XXI- бояд амалӣ гардонида шавад. Алакай муҳандисону сохтмончиён баъди сохтмонҳои  азими НБО Сангтуда -1, Сангтуда-2 ва Роғун таҷрибаву малакаи касбии худро мукаммал намуда, бе эҳтиёҷоти мутахассисони хориҷӣ дар бунёди иншоотҳои тавлидкунандаи  барқи обӣ уҳдабаро шудаанд.

Аҳамияти таърихии сохтмони НБО Роғун дар он аст, ки боварию ғаюрии сохтмончиёнӣ тоҷикро барои сохтмонҳои аззими оянда умед бахшид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои корҳои аз ҷониби сохтмончиён анҷомдодашуда, баҳои баланд дода, сипосгузории хешро нисбати заҳматҳои онҳо изҳор намуданд, ки ин ба рӯҳияи сохтмончиён тавони нав бахшида, онҳоро боз ҳам барои сифатнок иҷро намудани вазифаҳояшон ҳавасманд гардонид.

  Дар воқеъ НБО Роғун  барои пешрафту тараққиёти Тоҷикистони азиз, нақш ва аҳамияти муҳими таърихӣ дошта, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои созанда ва татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд.

 

Каримзода Пирмуҳаммад, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg