БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ МАРДУМИ ТОҶИК

АНДЕША. Соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи таърихиест, ки мардуми моро насиб гаштааст. Бо истифода аз ин дастоварди бузург  ҷавонони моро мебояд, ки бо рафтору одоби намунавии худ ба омӯзиши илмҳои муосир  рӯ оваранд. Ҳар иқдоме, ки аз ҷониби Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мешавад як марҳилаи сифатан нав дар пешрафти хӯдшиносии миллиамон гардида, моро ба сӯйи созандагӣ ҳидоят месозад.  Мо бояд шукри сулҳу ободии Ватан намоему вақти қимати худро ба манфиати миллат сарфа намоем. Ин мардуми хушиқболи мо 28-сол мешавад, ки зери нури хуршеди Истиқлол зиндагӣ мекунанд. Дар ин давраи барои таърих начандон тӯлонӣ дар Ҷамоати  шаҳраки Бохтариён низ корҳои зиёди ободонию созандагӣ амалӣ гаштанд. Имрӯз симои деҳаҳо ба кӯллӣ тағийр ёфта, биноҳои зиёди дилрабо сохта шудаст. Дар ин давра бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи №8, ва толори варзишӣ бунёд гардид. Инчунин биноҳо ва синфҳои иловагӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №37,56,65 сохта шуданд.   Ҳамчунин бинои марказӣ саломатӣ ва бинои беморхонаи №1 таъмири замонавӣ шуда бо оби нӯшокӣ таъмин гардид. Дар ҳудуди ҷамоат Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд. Бунёди мағозаю дӯкон, сартарошхонаю нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ марҳила ба марҳила идома доранд.

А. Ёров, муовини раиси Ҷамоати шаҳраки  Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён                                          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg