БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТИ СИЁСӢ

АНДЕША. Дар таърихи афкори сиёсй андешаҳо дар мавриди хислат, мазмун, таркиб ва хусусиятҳои истиқлолият гуногунанд. Ammo ҷиҳатҳои умумие вуҷуд доранд, ки таълимоти донишмандонро ба ҳам наздик менамоянд.

   Аксари донишмандон истиқлолияти кишварро дар ду навъи асосӣ: истиқлолияти дохилӣ ва истиқлолияти хориҷй тасниф намудаанд. Ба истиқлолияти дохилй ғояҳои халқ, конститутсия, қонун, парламент ва ғайраҳоро мансуб медонистанд. Яъне, мавҷудияти чунин институтҳои ҷамъиятию сиёсиро шарти зарурии воқеияти истиқлолият ҳисоб мекарданд. Ба сифати шарти зарурии истиқлолияти хориҷӣ ҳуқуқи комили давлатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ фаҳмида мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки роҳи ба даст овардани соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ҳарчанд ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу бум ва ҳимояи манфиатҳои миллй саъю талошҳои зиёде намудаанд. Ҳамин аст, ки гузаштагонамон дар масири таърих ҳамеша барои ба даст овардани он ҷонфидоиҳои зиёде намуда, ба хотири зиндагии пуршарафи наслҳои имрӯзу оянда хизматҳои шоёне кардаанд.

    Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки ба даст овардани истиқлолияти давлатй ба мо имконият дод, то барои татбиқи барномаҳои бесобиқаи рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятй, ки имрӯз симои кишварамонро ба куллй дигаргун сохтаанд, талош намоем. Пешрафтҳои дар ин самт бадастовардаамон ҳама самараи истиқлолияти сиёсй мебошанд ва мо акнун вазифадорем, ки онро бо меҳнати фидокоронаю содиқона ба Ватани маҳбубамон, бо худшиносии баланди миллй ва зиракии сиёсии ҳамешагй боз ҳам афзунтару устувортар гардонем.

     Аз ин рӯ, барои дар заминай чунин арзишҳо таъмин намудани идомаи раванди пешрафти минбаъдаи истиқлолияти сиёсй, минбаъд ҳам оид ба ташаккули ифтихори ватандорӣ ва ҳувияти'миллй тамоми шаҳрвандони кишварамон бояд ҷидду ҷахд намоянд.

Яъне, фаҳмиши истиқлолият набояд танҳо як муколамаи расмии ҳукуматӣ бошад, балки он бояд дар байни мардум ба як баҳси хеле амиқу дилчасп ва гуногунпаҳлу табдил ёбад. Имрӯз дар бисёр мамлакатҳои тозаистиқлол мафҳуми «истиқлолият» маҳбубияти зиёде пайдо намудааст ва шаҳрвандон ба он бо эҳсосу самимияти хосса таваҷҷуҳ мекунанд.

Беҳуда нест, ки мафҳуми «истиқлолият» дар амалия ҳамчун истиқлолияти олӣ ва истиқлолияти том истифода бурда мешаваду якеро эълон менамоянду дигарашонро эътироф мекунанд. То имрӯз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро 147 кишвари ҷаҳон пазируфтааст, ки ин тақвияти эътирофи истиқлолияти давлатдории миллии мост. Яъне, маънои асосии истиқлолият волоияти ҳокимияти давлатй дар дохили мамлакат ва озод будани он аз тобеият ба давлатҳои дигар аст. Чун ҷавонон дар ҳама давру замонҳо қувваи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии ҷавононро аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии кишварамон дар мадди аввал мегузорад.

     Асосгузори сулҳу вахдати миллй- Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалй Рахмон оид ба ҷанбаҳои асосии сиёсати давлатии ҷавонон, рукнҳои иҷтимоӣ, иқтисодй, сиёсй, ҳуқуқӣ ва ташкилии сиёсати давлатии ҷавонон, инчунин, дар бораи беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон ва ҷавондухтарон, роҳҳои ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавй хеле ҳам диққати ҷиддй медиҳанд.

    Имрӯз дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи тарбияи насли наврас ва ҷавонон ҳамчун ояндаи миллат ҷойгоҳи махсус дорад.

Боиси қаноатмандист, ки тадбиру талошҳои ҷавонони

Тоҷикистон ҳамасола натиҷаҳои мусбат медиҳад. Дар ҳамин замина, Пешвои муаззами миллат таъкид доштаанд, ки: «Одобу рафтор ва сатҳи маънавиёти наврасону ҷавонони мо дар давоми даҳсолаҳои охир хеле баланд рафта, эҳсоси худшиносӣ ва нангу номуси миллй дар байни онҳо торафт густариш ёфтааст. Дар шароити имрӯза бояд ҳамаи инро ҳамчун падидаи мусбат арзёбй кунем. Бо вуҷуди он, давлатсозии навини тоҷикон тақозо менамояд, ки ба вазифаи таълим ва тарбияи насли наврас ва аҳли ҷомеа мутахассисони баландмаълумот, ки дорои афкори эҷодй, соҳиби донишҳои амиқ, маҳорат ва қобилияти касбӣ ҳастанд, ҷалб карда шаванд, то онҳо тавонанд, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи сулҳҷӯёна, пойдории адолати иҷтимой, бархӯрдорй аз ҳуқуқу вазифаи худ, эҳтироми қонун ва дарки волоияти он ҳидоят намоянд».

Бо назардошти ҳамин андешаи Пешвои миллат, дар мустаҳкам гардидани ҷаҳонбинии навини ҷавонон, пеш аз ҳама, муносибати самимонаи ҳар нафари мо нақши ниҳоят муҳимро мебозад, зеро ҳар як сухан, ҳар як унсури гуфтору рафтору кирдори мо барои насли наврас мояи ибрат аст.

Бо камоли ифтихор эҳсос мекунем, ки имрӯз истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо барои бақои давлату сарзамин, балки барои ҳифзи шараф ва таъмини амалии озодиҳои ҳар як шаҳрванд шароит фароҳам овардааст.

    Аз ин рӯ, имрӯз ҳамаи мо вазифадорем, ки давра ба давра барои фароҳам овардани имконияти расидан ба қуллаҳои баланди истиқлолияти сиёсй, иқтисодй, фикрй, фарҳангй, таъмини шароит барои зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат ва амалй гардонидани нияту нақшаҳои неку созандаи ватандорй пайваста заҳмат кашему мардумро дар рӯҳияи ватанхоҳию ватанпарастй тарбия намоем.

  

Субҳиддин Иззатов, раиси мактаби лидерони ҷавони назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg