
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Садбарго”-и Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни баромад масъулин аз талошҳои пайваста ва сиёсати хирадмандонаву сулҳпарваронаи Пешвои миллат дар зарфи 28 соли Истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуда, қайд карданд, ки боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди бонангу номус мебошад, ки ба қадру манзалат ва арзишҳои истиқлолият расад. Бояд дар ҷавоби ғамхориҳои падаронаи Роҳбари давлат мо саъю талошҳои худро ба он равона созем, ки Тоҷикистони азизи мо боз ҳам ба як давлати мутараққии олам мубаддал гардад. Ҳамзамон корҳои созандагию бунёдкориро бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хонаи худамон оғоз намуда, Ватанамонро обод созем дар он ҳолат мо худро соҳибватан меҳисобем.