БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ БУНЁДКОРИСТ

ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо ташаббуси   масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ   дар ташкилоти ибтидоии “Арзанда”-и Идораи таъмини оби нӯшокии шаҳраки Панҷ  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот доир гардид.

         Дар ҷараёни вохўрӣ атрофи масъалаҳои  ҳаётан муҳим - обу экология мулоҳизаронӣ шуд. Масъулин оиди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» боз як марҳилаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувори вобаста ба об хоҳад шуд.        

Дар охир, ҷиҳати роҳандозии Аксияи  ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”   аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Арзанда”-и Идораи таъмини оби нӯшоки шаҳраки Панҷ барои кашидани хати оби нушоки дар маҳалла саҳмгузор шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg