БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ҲАМЕША БАРОИ БОЛОРАВИИ МАЪНАВИЁТИ ҶОМЕА ТАЛОШ МЕВАРЗАД!

ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҳизб, самтҳои афзалиятноки фаъолияти он ва роҳандозии қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” дар ташкилоти ибтидоии “Ганҷи Алишер” -и Ҷамоати шаҳраки Панҷ вохӯрӣ доир намуд.

Масъулон зимни суҳбат иброз доштанд, ки бо ҳисси баланди  масъулиятшиносӣ вазифадорем ҷавононро дар руҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ тарбия намоем.  Дар сокинон тарбияи риояи бечунучарои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаи ҳар яки мо мебошад.

Дар охири чорабинӣ оид ба роҳандозии Аксияи тарғиботӣ- амалии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ шуда, аз тарафи раиси ташкилоти ибтидоии “Ганҷи Алишер”   ба муассисаи таҳсилоти миёнаи №11  китобҳои дарсӣ ба маблағи  400 сомонӣ харидори гашта ба китобхонаи мактаб супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg