БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ АЪЗОИ ҲХДТ ДАР САНОАТИКУНОНИИ КИШВАР НАЗАРРАС АСТ!

НОРАК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Сангрези Чашма”  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор карда шуд.

Дар қисмати амалии аксияи ҳизбӣ  аз ҷониби аъзои фаъоли ҳизб, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур   Шамсиддин Табаров ба як нафар шахси ниёзманд, челонгари ҳамин ташкилот ба миқдои 6 куб шағал кӯмак расонида шуд.

   Инчунин, дар қисмати сиёсии чорабинӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  хониши сиёсӣ  гузаронида шуда. Дар ин баробар қайд  шуд, ки Пешвои миллат дар  Паёми навбатӣ хеле ба маврид зикр намудаанд: “Ба кор андохтани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун – иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ яъне Саноатикунонии босуръати кишвар  ба ҳисоб меравад.” 
   Дар вохӯрӣ  атрофи  ҳадафҳои созандаву ватандӯстонаи ҲХДТ ва сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат сухан рафт ва  иштирокдорон сипосгузор будани хешро ба Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg