БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БУНЁДИ НБО РОҒУН ИФТИХОРИ МОСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Деҳаи Баҳодурон”-и Ҷамоати деҳоти Гулистон вохӯрӣ доир гардида, дар он атрофи мавзӯъҳои муҳими рӯз, аз ҷумла дар хусуси баистифодадиҳии чархаи дувуми НБО-и  «Роғун»,  даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон   суханронӣ шуд. Зикр шуд,  ки дар  таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба истифодадиҳии чархаи дувуми нерӯгоҳ рӯйдоди таърихӣ буда, боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон  мебошад. Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg