БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТГИРИИ ЯТИМОН ДАСТГИРИИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТАСТ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба таҷлили 28 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти “Заркамар”  хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ масъулин атрофи  нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат андешаҳои хешро баён дошта,  қайд карданд, ки Паём фарогири тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар  мавриди таҳлили амиқу ҳамаҷониба қарор гирифта, бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шудааст. Даъват шуд, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём омада ҳамагон бояд камар бандем.

   Ҳамчунин дар идомаи ҳамоиш баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар самти дастгирии оилаҳои ниёзманд дар партави  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва дастгирии ташкилоти ибтидоии  мазкур ба 1 нафар ятими кулли деҳа маводи хӯрока кӯмак расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg