БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМӮЗГОРОНУ ХОНАНДАГОНИ МТМУ 12 ДАР ШАРОИТИ ХУБ КОРУ ТАҲСИЛ ДОРАНД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Тибқи нақша- чорабиниҳои тасдиқгардида миёни сокинон корҳои ташвиқотию тарғиботӣ баҳри баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон, ободонии маҳал, тозаву озода намудани кӯчаву гузаргоҳҳо, ҷӯйбору заҳбурҳо ва сохтмони ҳар гуна иншооти маишӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  суҳбату вохӯриҳо мунтазам доир карда мешавад.

      Дар паёмади чунин вохӯриҳо бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии “Бошқалъа”-и деҳаи  Бошқалъаи  Ҷамоати деҳоти ба номи Утақара Назаров бо ҷалби аъзои ташкилот ва соҳибкорони муваффақ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 12   аз таъмири хушсифати капиталӣ бароварда шуда, имрӯзҳо устодону омӯзгорон ва хонандагон бо  шукргузорӣ аз сиёсати  маорифпарваронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  фаъолияту таҳсил карда истодаанд.

    Дар қисмати  сиёсии чорабинӣ бошад, масъулини ҳизбӣ бо сокинони деҳаи  мазкур доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ва дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии  он   вохӯрӣ баргузор намуда, масъалаҳои мазкурро ба дарки ҳамагон расониданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg