БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОИНИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ!

ЁВОН. Дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.»       

    Инак, имсол аз он санаи фархундае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон дошт, 28 сол сипарӣ мегардад. Имрӯзҳо мардуми саодатманди кишварамон барои ба таври сазовор истиқбол намудани  ин ҷашни муборакқадам   омода мебошанд.  

Истиқлолияти давлатӣ арзиши муқаддасест, ки Тоҷикистони маҳбуби моро дар ҷаҳон ҳамчун давлати демократӣ, дунявӣ, соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва ягона муаррифӣ намуд. Арҷгузорӣ ба арзиши волои Истиқлолияти давлатӣ гувоҳи равшани ҳувияти миллии халқи соҳибтамаддуни Тоҷикистон аст.

    Бо мақсади истиқболи сазовор аз ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори МТМУ № 8- конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “Оини давлатдории тоҷикон Истиқлолият аст” баргузор гардид,  ки дар кори конференсия намояндагони касбу кори гуногун кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарбозону афсарон, намояндагони маорифу тандурустӣ,  бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш   собиқадорони ҳизбу меҳнат  иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg