БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГИРИФТАНИ ДАСТИ ЭҲТИЁҶМАНДОН АМАЛИ ХАЙР АСТ!

ЁВОН.  Дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.»    Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо  ҷалби соҳибкорону шахсони хайрхоҳ, вакилони ҳизбӣ дар арафаи  ҷашни 28- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ва ятимон кӯмаки яквақтаина аз қабили  сару либос ва лавозимоти хониш  расонида шуд.

      Вобаста ба ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, ба касбомӯзию ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани онҳо аз ҷониби ТҶҶ «Созандагони Ватан»,  бахши кор бо ҷавонон  ва варзиш, бахши кор бо занон ва оила,  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар тамоми деҳаву маҳаллаҳо ва муассисаҳои таълимии ноҳия бо ҷалби падару модарон ва духтарони синфҳои болоӣ мунтаззам вохӯриҳо баргузор карда мешавад. Натиҷаи вохӯриҳои пайваста аст, ки имрӯз дар ноҳия  пурра духтарон ба зинаи сеюми таҳсил ва ё ба литсейю коллеҷҳо фаро гирифта шудаанд.

    Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  дар оянда низ бобати ҷалби  духтарон ба зинаи сеюми таҳсил ва касбомӯзӣ, мусоидат дар ҳалли мушкилоти фарзандон дар бобати хониш ва таъмини онҳо бо лавозимоти хониш ва сару либоси мактабӣ пайваста саъйю талош меварзад.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg