
ДАНҒАРА. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии Хоҷагии деҳқонии “Шариф Ширин”-и ноҳияи Данғара баргузор гардид.
Дар суҳбат рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини босубот ва мутаносиби аҳолии кишвар бо маводи хӯрока тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ баррасӣ карда шуд.
Инчунин, дар идома оид ба аҳмияти таърихии чархаи дуюми НБО-и Роғун ибрози назар шуда, ҳамагон барои расидан ба қадри заҳмату талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сулҳу суботи кишвар даъват гардиданд.