
ВОСЕЪ. Дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.» Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар Восеъ дар ташкилоти ибтидои «Беморхонаи №3»-и Ҷамоати деӽоти ба номи Мирзоалӣ Вайсов вохӯрӣ доир намуданд.
Зимнан масъулин ҳозиринро бо фарорасии 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумӽурии Тоҷикистон табрику танҳният гуфта, дар идомаи суҳбат қайд карданд, ки самараи неки истиқлолият аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омўзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонист.
Дар идома оид ба татбиқи Аксияи ҳизбӣ таӽти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии ташкилоти ибтидоии мазкур ба як нафар шахси ниёзманд кȳмаки молиявӣ расонида шуд.