
ВАХШ. Дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.» Дар толори маҷлисгоҳи Литсейи давлатии ноҳияи Вахш дар мавзӯи «Шуғлнокии пурмасъули ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму эктремизм, фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарстию майл ба фарҳанги бегона, бекоршавии оилаҳои ҷавон, дастовардҳои Тоҷикистон дар тӯли 28 соли Истиқлолияти давлатӣ» суҳбату вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ бештар дар мавзӯи хатарҳои терроризму экстремизм сухан рафт. Ҷавонон низ дар хусуси ҳамеша содиқ ба ватану миллат мондан, омӯзиши илмҳои муосир ва касбу ҳунар, дӯст доштани фарҳанги миллӣ, расидан ба қадри истиқлолият андешаҳои хешро баён карда ба ҳамсолони хеш таъкид доштанд, ки бояд ин хислат ва амалҳоро ҳар нафар дар худ дошта бошад.