БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО КӮМАКИ ЯКДИГАР ВАТАНРО ОБОД МЕСОЗЕМ!

БАЛҶУВОН. Дар доираи «Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон суҳбату вохӯриҳо доир шуда истодааст, ки ин навбат дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Дашти Кулко» оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ доир карда шуд.

   Дар назди ҷамъомадагон роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ба мо бегона, мубориза бо хурофоту бегонапарастӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, риояи қонунҳои миллӣ, баргузории тӯю маъракаҳо дар доираи қонуни амалкунанда, тарбияи дурусти фарзандон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, ҳифзи солимии ҷомеа, рушди касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ғайраҳо ибрози назар намуда, аз ҳамагон ҷиҳати хизмати софдилона кардан ба халқу Ватан ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ  даъват ба амал оварданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg