БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОХТМОНИ НБО “РОҒУН” ҚАДАМИ УСТУВОРЕСТ ДАР РОҲИ РАСИДАН БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ КОМИЛИ ЭНЕРГЕТИКӢ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”.         Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии деҳқонии Раҳимбек”-и Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии судманд доир гардид ва дар он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

   Дар баромади худ масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ дар ноҳияи мазкур    иброз доштанд, ки бо бунёди  НБО Роғун дар кишвар ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ ноил мегардем.  9-сентябри соли 2019 боз як  рӯйдоди басо муҳим, оғози кори агрегати дувуми НБО-и Роғун бо ҳарфҳои заррин  дар таърихи ин давлати соҳибистиқлол сабт мегардад.

     Ба кор даромадани чархаи дувумини НБО-и «Роғун» эътимоди мардумро ба ояндаи дурахшони миллат қавитар намуда, ҳар яки моро  водор месозад, ки баҳри ободии мамлакат камари ҳимматро мустаҳкамтар бандем.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg