Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Гимназияи №1»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
Зимни суханронӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи мазкур қайд намуд, ки 9-сентябри соли 2019 ҳамчун оғози кори агрегати дувуми НБО-и Роғун дар саҳфаҳои таърихи давлатдории навинамон бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Бунёди НБО-и Роғун истиқлолияти пурраи энергетикии кишварро таъмин менамояд. Бунёди нерӯгоҳи мазкур аз ҷумлаи хизматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба кор даромадани чархаи дувумини НБО эътимоди мардумро ба ояндаи дурахшони миллат ва меҳан қавитар намуда, моро водор месозад, ки баҳри ободии мамлакат камари ҳимматро мустаҳкамтар бандем.