БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИФТИХОРУ ЭЪТИБОРИ МОСТ-ИСТИҚЛОЛИЯТ!

«Дар моварои таърих қавму миллатҳое ҳастанд,ки ҳазорсолаҳо инҷониб дар орзуи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ насл ба насл умри худро қурбони муборизаҳо карда истодаанд. Барои Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ дигар ҷумҳуриҳои собиқ  Иттиҳоди  абарқудрати  Шӯравӣ  истиқлолият  ҳадяи бебаҳои таърихӣ буд,ки бо барҳам хӯрдани ин иттиҳод ба муроди хеш расиданд» Эмомалӣ  Раҳмон

        

АНДЕША. Чӣ тавре,ки доимо аз расонаҳои ВАО огоҳ мешавем,ки дар дунё халқу  миллатҳои  зиёде  ҳастанд,ки даҳсолаҳои зиёд барои Истиқлолияти давлатии худ мубориза мебаранд, аммо комёб намешаванд. Низоъҳои  байни  Исроилу  Фаластин ва муборизаҳои халқи курдро мисол овардан мумкин аст,ки чандин даҳсолаҳо идома дошта, баҳри расидан ба Истиқлолияти давлатӣ,   ҳамасола дар минтақаҳои ин кишварҳо садҳо одамон ҷонфидоӣ  мекунанд.

Арзиш  ва  муқаддасоти  Истиқлолият  боз дар он зоҳир мешавад,ки  халқу  миллатҳоро  ба шарофати соҳиби давлат будани онҳо, ба  шарофати  Истиқлолияти  давлатӣ  мешиносанд ва  Истиқлолият давлату миллатро  ба  ҷаҳониён  муаррифӣ  менамояд.

Бале, Истиқлолияти давлатӣ барои ҳар кадом халқу миллат неъмати бебаҳо аст. Бе Истиқлолият давлатдорӣ маъное надорад. Сад шукри  Эзиди  поку  Парвардигор,ки  мо тоҷикону тоҷикистониён, таҳти роҳбарии Пешвои миллат  соҳиби  давлати  соҳибистиқлоли  худ  ҳастем.

Воқеан  ҳам, Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди  давлату  миллати  тоҷдори  тоҷик аст,ки дар баробари ба даст овардани  ин  неъмати  бузург, нуру  зиё, меҳру  вафо, озодию ободӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Зи истиқлолаш кишвар парчами тоҷик ба гардун шуд,

Аз ин сон сарбаландӣ,  эътибори миллат афзун шуд.

Биболам аз  фараҳ  имрӯз  з-истиқлолу ободӣ,

Сухан гуфтан ба васфи ин Ватан чун дурри макнун шуд.

Миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта  бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони  ноби  модарӣ, илму  адабиёти  оламгирашро  нигоҳ доштааст.

Гузаштагони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин  ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд,ки  ин  каломи  пурҳикмат  дар  тӯли  асрҳо  барои  ташаккули арзишҳои  солими башардӯстона хизмат кардаасту маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои  ҷанбаи  ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз  ва  маърифати  баланди  ақлонии  ниёгони  мо  буд,ки  онҳо ба  ганҷинаи  тамаддуни  башарият  аз  Зардушту  Монӣ   сар карда садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.

Гарчанде,ки  ба  даст  овардани  Истиқлолият бо амри таърих ба мо муяссар гардид, вале  солҳои  аввали  Истиқлолият, миллати  тоҷик бо душвориҳову  хатарҳои  ҷиддӣ  рӯ  ба  рӯ  гардида  буд.

Таърих ва  таҷрибаи давлатсозии инсоният бори дигар ҳушдорамон дод,ки ба даст овардани озодиву онро ҳифз ва рушду нумӯъ бахшидан кори осон нест. Вале мардуми таҳаммулпазир ва хирадманишии тоҷикон ба  фарзанди фарзонаи худ, Пешвои миллат бовару  эътимод  карданд. Эмомалӣ  Раҳмонро раҳбари муаззами давлату миллат интихоб карда, аз пайи ӯ баҳри сохтмони давлатӣ навини тоҷикон ва таҳкими  пояҳои  истиқлолият  қадам  гузоштанд.

Шукрона, ки бидуни замон дар фазои сулҳомезу ваҳдатгустарии даврони истиқлолият,ки тавассути сиёсати хирадмандоню оқилона ва инсондӯстиву ватанпарастонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  даст  омадааст, орому  осуда ва дар амну суббот озодона нафас мекашем.

Айни замон,  Тоҷикистон тибқи меъёрҳои демократия давлати озод, ҳуқукбунёд ва дунявиро месозад. Тоҷикистон давра ба давра ба ҷомеаи ҷаҳонӣ собит кард,ки тоҷикон тамаддунофар буданд ва оянда низ метавонанд,ки  бо хираду заковати фавқуллодаи хеш дар ҷаҳони муосир  нақши  сазовор гузоранд.

Хушбахтона,  дар  бисту  ашт соли  соҳибистиқлолии кишвар, ин неъмати  бебаҳо  барои  мо  имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи ҳақиқатан ҳам демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Ин неъмати бузург-Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму  талошҳои  фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро  таҳким  бахшид  ва  дар  як  вақт  ҳаёти  озодонаи  ҳар  фард  ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Истиқлолият  ин  нишони  барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи  байналмилалӣ  ва  шарафу  эътибори ба ҷаҳони мутамаддин  пайвастани  кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз,  тамоми  мо тоҷикону  тоҷикистониёни  кишвари озоду обод ифтихор дошта бошем,ки бисту ҳашт сол қабл аз ин нахустин хиштҳои  пойдевори  истиқлолияти  воқеӣ  ва давлатдории миллии хешро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ-Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем.

Бояд қайд кард,ки дар даврони Истиқлолият давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамолики аҳолияш мусулмон ва умуман ҷомеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд.

Бо  шарофати  Истиқлолияти давлатӣ ва саъю кӯшишҳои бевоситаи  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бисёр Анҷуманҳои умумиҷаҳонию минтақавӣ дар пойтахти ҷумҳуриамон-шаҳри Душанбе баргузор гардида бахшида ба санаҳои таърихӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани беш аз чандин иншоотҳои ҳаётан муҳиму тақдирсоз амалӣ гардида тавассути истиқлол, Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро бо ҳам овард ва дари худро ба ҳамммиллатони бурунмарзӣ боз намуд.

Маҳз, шарофат  ва  самараи  Истиклолият  аст,ки имрӯз Тоҷикистон  дар дунё чун давлати сулҳхову сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи  сулҳи  тоҷикон-манбаи  омӯзиши  сулҳхоҳони  ҷаҳон гашт,ки  боиси  ифтихори  ҳар  як  қавми  тоҷикмиллат  аст. Мо бояд аз ин  миллати  баруманд  бифахрему  барои  боз  ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намоем. 

Суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дар  ҷаласаҳои бузурги байналхалқии давлатҳои аъзои  Конфронси  исломӣ, ҷонибдории  шахсии  сарвари  давлати  мо  аз покизагии  дини  мубини  ислом  ва  зарбаи  сахт задани ӯ ба даъвогарони ҳамбастагии дини ислом бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҳамкориҳои  мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни олами ислом аз он шаҳодат медиҳанд,ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол  аз  зумраи  давлатҳои  озоду  ободест,ки  дар он баробари  расму  оини  миллию  мардумӣ  анъанаҳо  ва  маросимҳои динӣ  риоя  мегарданд.

Сарвари мо, бар Ватан овард, Истиқлолият,

Раҳбари халқу Ватан овард, Истиқлолият.

Нури ҳақ бингар,ки резад дар фазои Меҳанам,

Зеби ҳар як анҷуман овард, Истиқлолият.

Ин аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фосилаи на чандон тӯлонӣ  арзишҳои  демократӣ  ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шудаанд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва институтҳои он, инчунин ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидати фаъол намудаанд.

Ҳадафи асосии низоми демократӣ дар ҷомеаи мо, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад,ки ба анъанаву  суннатҳои  давлатдории  миллӣ, арзишҳои ахлоқиву фарҳангии миллат ва дастовардҳои тамаддуни башарӣ такя мекунад.

Дар шароити кунунӣ,ки ҷаҳони муосир дорад, таҳкими Истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани  сатҳ  ва сифати зиндагии инсон барои на танҳо мардуми мо, балки  тамоми  инсоният  мазмуни  ҳаётан  муҳим  пайдо мекунад. 

Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди  қувват  гирифта  истодаи  ҷаҳонишавӣ  инсониятро ба муҳити комилан  нав  ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардонидааст.

Дар  марҳаллаи  имрӯза,  ҳар  фарди худогоҳу ватандӯсти кишварро  зарур  аст,ки  бояд ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳаду  Истиқлолиятро  ҳамчун  гавҳараки  чашм ҳифз намуда, ҳамеша  баҳри   таҳкими  Истиқлолияти  давлатӣ  кӯшиш  намояд, чунки;-

Дунёро накӯ бингарӣ ҳама панд аст…

Муҳаммадовуд  Ҳалимов, раиси  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg