БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДОН АСТ!

ШАҲРИТУЗ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии “Чоршанбе 1-3”-и  ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар рафти ҳамоиш аз ҷониби  намояндагони ҳизбӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии муҳоҷирати қувваи корӣ ба давлатҳои хориҷа, омодагӣ  ба пешвозгирии ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ карда шуда, ҳамагонба корҳои созанда раҳнамоӣ гардиданд.

Ҳамзамон,  бо мақсади дастгирии оилаҳои ниёзманд Аксияи ҳизбӣ роҳандозӣ  гардида,  бо мусоидати раиси деҳаи мазкур ба оилаи ниёзманд Маҳмудов Зикриё маводҳои хӯрока ёрӣ расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg