БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР БОРАИ КИБЕРТЕРРОРИЗМ ШАҲРВАНДОН МАЪЛУМОТИ ЗАРУРӢ ПАЙДО НАМУДАНД

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ин навбат хониши сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии “Маркази  саломатӣ” гузаронида шуд, ки дар он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ тарғибу ташвиқ карда шуданд.

Дар баробари фаҳмонидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар бораи ҷиноятҳои киберӣ ва махсусан кибертерроризм ба ҳозирин ба таври муфассал маълумот дода шуда,   таъкид карда шуд, ки дар шароити имрӯза террористону экстремистон аз кибертерроризм,  яъне аз  технологияи компютерӣ, аз интернет ба таври васеъ истифода намуда, хостаҳои худро амалӣ месозанд.  Террористон тавассути интернет дар байни мардуми ин ё он кишвар бадбинии динӣ, миллӣ, нажодиро барангехта, сокинони осоиштаи кишварҳоро ба ҷангу куштор даъват мекунанд. Яке аз ҳадафҳои кибертеррористон ба доми фиреби худ афтонидани ҷавонони ноогоҳ ва ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҳамроҳ намудани онҳо мебошад.

Дар хотимаи қисмати сиёсии чорабинӣ   ба чанд нафар ҷавонони ба сафи ҳизб дохилгардида шаҳодатномаҳои ҳизбӣ  супорида шуда, онҳо барои амалигардонии ҳадафҳои барномавии ҲХДТ даъват карда шуданд.

Дар роҳандозии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  бошад, аъзои  ташкилоти мазкур барои таъмиру тармими  муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №1- и ноҳия ба миқдори муайян   ду тирезаи замонавӣ  кӯмак намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg