БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

ҲАМАДОНӢ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии “Пушкин”  хониши сиёсӣ ва иҷрои амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”    доир карда шуд.

Зимни баромад  роҳбарияти Кумитаи  иҷроияи ҳизб   дар бораи корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани     ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ноҳия бо маром ҷараён дорад андешаронӣ карда, гуфт, ки стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи  то соли 2030 қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа  дар минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои  иловагӣ андешида шавад.

Дар иҷрои  амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аз ҷониби соҳибкори ватандӯсту саховатпеша   Саидов  Муҳаббат бо дастгирии аҳли деҳа 3 километр  роҳи деҳаи Пушкин мумфарш карда шуд, ки ин иқдоми нек аз ҷониби сокинон бо хушнудӣ пазируфта шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg