
ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Хоҷагии Оличабулоқ” баргузор гардид.
Дар мулоқот аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар бораи самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ ва дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз – ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун ёдоварӣ карда шуда, инчунин дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷом вобаста ба қисмати амалӣ Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” 5 нафар ниёзманди ҷомеа аз пардохти ҳаққи андози замин, ки ҳар кадоме аз онҳо аз 200 то 250 сомонӣ рост меояд, озод карда шуданд.