БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НБО «РОҒУН» ИНШООТИ МУҲИМУ ТАҚДИРСОЗ!

ЛЕВАКАНТ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Тоҷирони Ҷамоати деҳоти Гулистон вохӯрии судманд доир гардид, ки дар он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди суҳбат қарор гирифтанд.

Дар баромади роҳбарияти Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб гуфта шуд, ки ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хеле ба маврид зикр карданд, ки «Бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» истиқлолияти пурраи энергетикии кишварро таъмин менамояд» дар таърихи энергияи тоҷик боз як санаи фаромӯшнашаванда  9-сентябри  соли 2019 оғози кори агрегати дувуми НБО-и «Роғун» бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Ин як қадами устуворест дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикии кишвар.

Ба кор даромадани чархаи дувумини НБО-и «Роғун» эътимоди мардумро ба ояндаи дурахшони миллат ва меҳан қавитар намуда, мо ҳизбиёнро водор месозад, ки баҳри ободии мамлакат камари ҳимматро мустаҳкамтар бандем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg