БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАҚДИМИ КИТОБ – ОМИЛИ БАЛАНД ГАРДИДАНИ САТҲИ ДОНИШУ МАЪРИФАТИ СОКИНОНИ ҶОМЕА!

ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгири намудани соҳаи маориф дар кишвар бо саҳми аҳоли ва соҳибкорон дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ як қатор корҳои  бунёдкорӣ роҳандозӣ гардида истодааст.

 Ҳамин гуна иқдоми некбинона аз тарафи сокинони маҳаллаи Пашор-и ҷамоати деҳоти «Нури Ваҳдат»-и ноҳияи Панҷ кўмаки хайриявӣ ба муассисаи таълимии №19  амалӣ карда шуд.  Бо ташаббуси раиси ташкилоти ибтидоӣ  Алиев Нурулло ва қувваи сокинони маҳал ба муассисаи номбурда ба маблағи 400 сомонӣ китобҳои хониш ройгон супорида шуд.

         Дар охир масъулон зимни вохўрӣ аз ҳайати омўзгорон ва падару модарон даъват ба амал овард, ки ба сатҳу сифати таълим ва ба тарбияи фарзандоннашон эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg