
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мутобиқ ба ҷадвали баргузории чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии х/д “Абдуллозода (Ҳаёти нав)”-и Ҷамоати деҳоти Ориён Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор карда шуд, ки дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок дошта, суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон, дар доираи Аксияи ҳизбӣ ба се нафар оилаҳои ниёзманд аз деҳаи Сароби Ҷамоати деҳоти Ориён Қурбонова Қумрӣ, Юнусов Қурбон ва Наимова Таманно маводҳои хӯрокворӣ кӯмак расонида шуд.